суббота, 6 сентября 2008 г.

Точ,кистон

Точ дорад ба сар аз нури адаб мардуми мо,
Бустон кард ба хар мулки хазаб мардуми мо,
Сафи аъдо ба сухан кушт на бо тиру камон,
Дустй гуфту фуру бурд газаб мардуми мо...
*** *** ***
Точ,икистон

Точ,икистон, зодгох,ам, зодгох,и рух,и ман,
Марзу бумат мазхару бунёдгохи рух,и ман
Кош дар хоки Ту гардам хок, к-аз хоки Туям,
Баъди маргам хоки Ту меодгох,и рух,и ман.
*** *** ***
Точикистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман!
Баъди маргам хоки Ту меодгох,и рух,и ман.


Ман аз оби талхи гурбат кардаам бисёр нуш,
Бори анбони гарибиро кашидам ман ба душ
Кардаам доду фигон, сад дод аз бедодх,о,
То х,ануз аз синаи кух,ат фигон ояд ба гуш.
*** *** ***
Точикистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман!
К,уллаи кух,и Ту буд фарёдгох,и рух,и ман!

Осиёро зинда дорад чашмах,ои поки Ту,
Хок резад бар сари нокадрдони хоки Ту
Дар дилат захми Самарк,анду Бухоро хунчакон,
Нест Синое ба дарди синаи садчоки Ту.
*** *** ***
Точ,икистон, мех,анам, эй зодгох,и рух,и ман,
Хоки Ту гилхонаам, ободгох,и рух,и ман!

То кушодй суйи ман огуши истикболи Ту,
То бидидам бар сарат ман точ,и истк,лоли Ту
Дидагонам хира буду осмонам тира буд,
То фурузон шуд ба олам ахтари ик,боли Ту.
*** *** ***
Точ,икистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман,
Домани кўх,и Ту шуд имдодгох,и рух,и ман.
*** *** ***
ба ВАТАН

Точикистон, мех,ани ман, зодгох,ам, Модарам,
Остонат осмони ч,илваи болу парам.

К,уллах,ои кух,сорат сарбаландии ман аст,
Обшори рудх,оят нагмаи шеъри тарам.

Рехт хуни софам аз нофам ба хоки поки Ту,
То шавад пайваста нофи ман ба нофат кишварам!

То бимонам бо Ту дар х,ар ч,о, ки бошам, то абад,
Гар шавам сайёрае, хоки Ту бошад мех,варам.

Точ,икистон ахтари ик,боли Ту рахшанда бод!
Точ,и Истик,лоли Ту бодо мунаввар бар сарам!!!

Точ,икистон, дар канорат х,ар бах,ор ошик, шудам,
Ман агар ишк,и Туро дар дил надорам, кофарам!

четверг, 4 сентября 2008 г.

рубои ва дубайта

Яке бе ч,ома монд аз бахри ч,оме,
Яке бе хома монд аз ч,абри хоме.
Зи даст доданд, худрову Худоро,
Гурух,е, то ба даст оранд номе.
*** *** ***
Гахе худро ба пеши по нихй боз,
Гахе амру гахе фармон дихй боз.
Чи дард аст ин, Фаридун, ки ту дорй?
-Зихй ишку зихй ошик,, зихй боз!
*** *** ***
Пур руй дар ашки талхи чашмон шустам,
То дасту дил аз ёрии ёрон шустам.
Чун лола шукуфтаму хазон гаштам ман,
То доги дилам дар оби борон шустам.
*** *** ***
Дар ёди ман аз наврасиам гам мондаст,
Дар гуши дилам садои мотам мондаст.
Аз он бахори гурусна дар хотири ман,
Дар лолаи руйи додарам нам мондаст.
*** *** ***
Замонаи бешу камй,
Накард бо ту х,амдамй.
Марез оби дидах,о,
Махур беш аз ин гаме...
*** *** ***
Дар кудакй тифли масту саркаш будам,
Он давра чу боду ман чу оташ будам.
Мисли Хасани аробакаш, соле чанд,
Дар кучахои шахр аробакаш будам.
*** *** ***
Дар кудакиам бе гаму озод будам,
Он давр хам оташ будаму бод будам.
Меросам аз он давр факат ёде монд,
Сад ёд аз он давр, ки бе ёд будам.
*** *** ***
То мегузарам зи куйи ту озурда,
Дил мегузарад зи куйи гам хун хурда.
Аз куйи хаёт мурдадил даргузарам,
Бинам чу чароги рохи куят мурда.
*** *** ***
Шеърхоям рах ба рах иншо шуданд,
Сирхоям рах ба рах ифшо шуданд.
Рах ба рах бигзашт умри ман, дарег,
Дустон дар рох кам пайдо шуданд.
*** *** ***
Дустон бисёру ман танхои танхо,
Дустон гамхораву ман гарки гамхо,
Дар Душанбе (Пештар шахри дилоро),
Сар ба сар бозору ман бе шуру савдо.
*** *** ***
Дустон дар забон хамдину имони мананд,
Хайф! Дар дил на хама хамдилу хамчони мананд.
Чи тавонову чи донову чи нозуру тавон,
Зи нотавонй хама нотавонбинони мананд.
*** *** ***
Ин кух сари баланду магрури ман аст,
Ин абр хаёли сари пуршури ман аст.
Ин хок маро ба хоксорй хонад,
Шояд, ки дилаш кашолаи гури ман аст.
*** *** ***
Ман дар дили сарди худ шароре дорам,
Дар синаи танги худ бахоре дорам.
Сад пушта, зи гури дустони чихатй,
Дар каъри дили реш мазоре дорам.
*** *** ***
Хайём дар айёми худаш як то буд,
Дасташ зи гиребони фалак гиро буд,
Гуянд, ки у шаробнушй мекард,
Ин шурб зи парх,ези шумо авло буд.
*** *** ***
Гамхории мо гами чахон кам накунад,
Чашми тари мо бодияро нам накунад.
Афтода набояд буданам зери фалак,
Хуршеди фалак рахм ба шабнам накунад.
*** *** ***
... Ин тоифа як умр чариданд чу меш,
Айб аз дигарон чуста надиданд ба хеш.
Чун аспи даханбаста ба даври гулмех,
Мо хар чи давидем нарафтем ба пеш.
*** *** ***
Азизи ман, рухи сабзина дорй,
Хичил гаштам, ки бо ман кина дорй.
Фаромушат мабод харгизу хар дам,
Ки чун ман ошики дерина дорй.
*** *** ***
Дилшод аз онам, ки ту худ дилшодй,
Обод аз онам, ки ту дилободй,
Аз дарди дилу банди гам озод манам,
Ай ёр, магар зи гусса ту озодй.
*** *** ***
Хохй, ки дилам шод шавад, шодй кун,
Ободии ман хохй, худободй кун.
Хохй, ки зи ёдам наравад зулфи тарат,
Аз сархати шеъри тари ман ёде кун.
*** *** ***
Ин чархи фалак хануз хам гардон аст,
Ин давр якин замони номардон аст.
Мардони пулу мол хамеша сархуш,
Марди дил аз замона саргардон аст.
*** *** ***
Бо ёди ту хар лахза чавон мегардам,
Бо ёди ту масту саргарон мегардам.
Бо ёди ин лахза шукуфтам, ки якин,
Рузе ман аз ишки ту хазон мегардам.
*** *** ***
Ёри дерин ба барам омаду рафт,
Ёди ширин ба сарам омаду рафт.
Гули бахтат чу шукуфон дидам,
Бахт аз бому дарам омаду рафт.
*** *** ***
Он субх, ки хамрохи ту механдидам,
Шомест кунун, ки бе ту ман мегирям.
Гулхо, ки факат барои ту мечидам,
Бе бахраву барганд чу ман, мегирям.
*** *** ***
Ба номат номаи ишкй навистам,
Вале чуръат накардам, ки фиристам.
Гирист абри сиях бар хандаи гул,
Ба ёдам хандаат омад, гиристам.
*** *** ***
Дил гуфт: "Маро бурун аз ин сина кунед!
Озод зи банди хасаду кина кунед!
Ё пок намоед ва ё чок кунед,
Ё хоки рахи дилбари сабзина кунед!".
*** *** ***
Дилро ба ёди руят аз гам нишон намонад,
Ояд бахор дар дил, ёди хазон намонад.
Чун хандаи пагохй, суям намо нигохе,
То дар дили пурармон як ормон намонад.
*** *** ***
Будамон то дил, пурармон будаем,
Будамон гар акл, хайрон будаем.
Будамон гар дард, дарди ишк буд,
То будем ошик, пушаймон будаем.
*** *** ***
Чун кисмати мо доги аламноке нест,
Тадбир ба такдир набуд, боке нест.
Мо хок будему окибат хок шудем,
Дил бояд буд, мазори дил хокй нест.
*** *** ***
Якчанд харон бар сари мо зур шуданд,
Хешон ба мух,точ,й зи мо дур шуданд.
Лагжид чу дар лой суми маркабашон,
Аз чор тараф ба гирди мо пур шуданд.
*** *** ***
Дилам тугён кунад чун руди кухй,
Зада аз санг то бар санги дигар,
Бичуяд аз бисоти одами нав,
Барои хеш фахру нанги дигар...
*** *** ***
Шаби нозу шаби розу шаби ишк,
Вуч,удам сухт дар тобу таби ишк,
Зиёданд олимони мактаби илм,
Надидам олиме дар мактаби ишк,
*** *** ***
Дил ба сах,рои гулафшон бохтам,
Аз бах,ори гулфишони доманат.
Чун бах,ори ишк,и ман сунъй набуд,
Гунчаи гулдузии перох,анат...

*** *** ***
Ду киссаи холй дораму як дили пур,
Дар сина дусад хазинаи гавхару дур.
Имруз, ки ганчинаи дил бекадр аст,
Хохам, ки факат кисаи ту бошад пур.
*** *** ***

Дар хусни як зарра каму кости набуд,
Дар лафзи ту харфе ба чуз аз рости набуд.
Дар ту хар он чи хостам аз рузгор хаст,
Бахшой, гарам хар чи ту мехости набуд.
*** *** ***
Х,ар ки туро бидидаст,
Як гул барош хуш нест.
Х,ар ки маро шунидаст,
Булбул барош хуш нест.