Показаны сообщения с ярлыком Точикистон. Показать все сообщения
Показаны сообщения с ярлыком Точикистон. Показать все сообщения

суббота, 6 сентября 2008 г.

Точ,кистон

Точ дорад ба сар аз нури адаб мардуми мо,
Бустон кард ба хар мулки хазаб мардуми мо,
Сафи аъдо ба сухан кушт на бо тиру камон,
Дустй гуфту фуру бурд газаб мардуми мо...
*** *** ***
Точ,икистон

Точ,икистон, зодгох,ам, зодгох,и рух,и ман,
Марзу бумат мазхару бунёдгохи рух,и ман
Кош дар хоки Ту гардам хок, к-аз хоки Туям,
Баъди маргам хоки Ту меодгох,и рух,и ман.
*** *** ***
Точикистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман!
Баъди маргам хоки Ту меодгох,и рух,и ман.


Ман аз оби талхи гурбат кардаам бисёр нуш,
Бори анбони гарибиро кашидам ман ба душ
Кардаам доду фигон, сад дод аз бедодх,о,
То х,ануз аз синаи кух,ат фигон ояд ба гуш.
*** *** ***
Точикистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман!
К,уллаи кух,и Ту буд фарёдгох,и рух,и ман!

Осиёро зинда дорад чашмах,ои поки Ту,
Хок резад бар сари нокадрдони хоки Ту
Дар дилат захми Самарк,анду Бухоро хунчакон,
Нест Синое ба дарди синаи садчоки Ту.
*** *** ***
Точ,икистон, мех,анам, эй зодгох,и рух,и ман,
Хоки Ту гилхонаам, ободгох,и рух,и ман!

То кушодй суйи ман огуши истикболи Ту,
То бидидам бар сарат ман точ,и истк,лоли Ту
Дидагонам хира буду осмонам тира буд,
То фурузон шуд ба олам ахтари ик,боли Ту.
*** *** ***
Точ,икистон, эй Ватан, эй зодгох,и рух,и ман,
Домани кўх,и Ту шуд имдодгох,и рух,и ман.
*** *** ***
ба ВАТАН

Точикистон, мех,ани ман, зодгох,ам, Модарам,
Остонат осмони ч,илваи болу парам.

К,уллах,ои кух,сорат сарбаландии ман аст,
Обшори рудх,оят нагмаи шеъри тарам.

Рехт хуни софам аз нофам ба хоки поки Ту,
То шавад пайваста нофи ман ба нофат кишварам!

То бимонам бо Ту дар х,ар ч,о, ки бошам, то абад,
Гар шавам сайёрае, хоки Ту бошад мех,варам.

Точ,икистон ахтари ик,боли Ту рахшанда бод!
Точ,и Истик,лоли Ту бодо мунаввар бар сарам!!!

Точ,икистон, дар канорат х,ар бах,ор ошик, шудам,
Ман агар ишк,и Туро дар дил надорам, кофарам!