Показаны сообщения с ярлыком Шоир. Показать все сообщения
Показаны сообщения с ярлыком Шоир. Показать все сообщения

воскресенье, 5 октября 2008 г.

Дар аввал бояд Шуморо бо Фаридуни Рахнавард шинос кунам. Ин манам. 28-уми апрели соли 1983 дар Душанбе таваллуд шудам. Мактаби миёнаро (№77) соли 2001 хатм кардам. Аз синни 15-16 солагй ба шеър дил бохтам. Хоксор нестам, вале, ба фикрам, х,ануз шеъре нагуфтаам. Баъзан хеле соддаам. Факултаи Журналистикаи ДДМТ-ро соли 2008 хатм кардам. Дар мачаллаи «Сахар» соле кор кардаам. Дар хафтаномаи «Нигох» аз тирамохи 2007 кор мекунам. Тарафдори сода баён кардани фикр хастам. Хар матне, ки ба дастам афтод, мехонам. Пеши худ хадаф гузоштаам, ки нависанда шавам… Фикр мекунам, ки шеър гуфтан факат бо калимаву кофия бозй кардан нест. Ба акидаи ман аз пайи шухрат давидан нашояд, он чизест, ки бояд худаш ояд ва каси сазоворро хатман меёбад...
Дар ин чо баъзе чизхое, ки то имруз навиштам ё дар ёд гирифтам ба шумо пешкаш мекунам. Агар харфе ба Шумо писанд омада бошад, шод шудам.
Барои хатоихо дар матн маъзарат мехохам.
Бо эхтиром, Фаридуни Рахнавард.

воскресенье, 10 августа 2008 г.

машки шеър

Ту бо ман будй…
*** *** ***
Ох, агар акрабаки соатро
Ба кафо бурда метавонистам,
Рузхое, ки ту бо ман будй
Боз оварда зи нав мезистам.

Рузхое, ки ту бо ман будй,
Бахт суйи ману ту механдид.
Хар нафас дурии ту дар дили манн
Ишки бечурми маро месанчид.

Рузи борон ба барат мерафтам,
Бигирифта ба умеде дастат.
Мазх,ари бахти сафеди ман буд,
Мазраи чатри сафеди дастат

Шеъри чашмони туро мехондам,
Шишта дар дарс ба як мизи нишаст.
Дарси устод накардам аз ёд,
Шеъри чашмони ту дар ёдам хаст

Мисли гулхо, ки бароят чидам,
Сабзии шоху гулу баргам буд.
Ман ба як дидани ту мезистам,
Дурият, зарра –зарра, маргам буд.

Чи кунам, бе кассу танхо мондем,
Ману дарди ману ин танхой.
Ман дигар суйи ту намеоям,
Ту дигар суйи ман намеой
*** *** ***
Ба зардинаму бахшидам
***
Зардинаму, зардинаму,
Доим бимонй хандару.
Бо ман нишину ру ба ру,
Асрори муятро бигу.
***
Ситораро хамел кард,
Дасти сафеди мохтоб.
Ба муйхои чун шабат,
Давонд зархал офтоб...

*** *** ***
Ба парвона
*** *** ***
Парвона пар во мекунад,
Аз мо чй парво мекунад?
Аз болх,ои х,афтранг,
Чатре ба гулх,о мекунад.

Рузе агар аз хоки ман,
Руян гулхои суман,
Парвона ошик, мешавад
Бар мадфани гулпуши ман…