воскресенье, 10 августа 2008 г.

шеърхои сарирох,й

К,иссаи пир дар нак,лиёт…

Душ мерафтам даруни нак,лиёт,
Бо мах,олу бо азобу эх,тиёт
Одамаш пуру х,авояш баднафас,
Гашта мошин одамонро чун к,афас.
В-он яке ронандаи бе ак,лу рах,м,
К-аз барои пул фурў бурдаст фах,м
Бор мекард одамонро чун ч,увол,
Ин яке болои он бечорах,ол.
Дар даруни шиша мисли бодиринг,
З-ин яке сар тобаду з-он чанд линг…
Аз ч,аонон ханда меомад ба гуш,
Се ч,авони дар назар бо ок,лу х,уш.
Аз садои ханда мардум дилхич,ил,
Х,ар яке андеша меронад ба дил:
«Ё касеро хуш наомад буданам,
Ё либосам канда бошад дар танам?»…
Рох, мепаймуд аспи ох,анин,
Чун хари х,омила мох,и вопасин.
Ногах,он истод он аспи сафед,
Аз дари мошин даромад муйсафед
Пиру аз рози ч,авонон бохабар,
Бо салому бо алайк омад зи дар.
Рўй пурожангу к,омат хамзада,
Менамуд ошуфтах,олу гамзада.
Касс надодаш ч,о, ки биншинад даме,
То биосояд тани пираш каме.
Одамон хомуш буданду карахт,
Дар худ андешидам: «Ин чй рузи сахт?
Аз насих,ат сад китобемон х,аст,
Аз чй гаштем ч,умла беимону паст?
Кй бадиро пши мо маргуб кард?
Ё бадй некуиро маглуб кард?»
Дар каноре пири дигар менишист,
Њамчунон бечораву ларзондаст…
Хест аз ч,ову «Бие шин!», - гуфт «пир,
Аз ч,авонон ин гуннах, нодида гир!»
«Рост мегуй!», -ч,авобаш дод пир,
«Гаштаам дар банди доми хеш асир.
Як замон мо х,ам ч,авон будему маст,
Будамон зуру тавон дар пову даст.
Сайр мекардам, савори аспи сур,
Аз хаёлам рузи пирй монда дур.
Медавондам аспро то дошт ч,он,
Худ надонистам куч,о будам равон.
Дар рах,е, рузе бидидам марди пир,
Гуфт: «Рах,дурам маро х,амрох гир!»
Кард дасташро ба суйи ман дароз,
Нек фах,мидам: ба ман дорад ниёз,
Суйи кардам нигох,е нописанд,
Пас задам к,амчин ба рони он саманд,
Монд пири хастаи зору забун,
Њоли уро нек мефах,мам кунун.
Панди пиронро, ки фах,мидан нашуд,
То ба ч,они хеш санч,идан нашуд
Ман нафах,мидам шумо донед хуш,
Пилта созед ин насих,атро ба гуш:
«Дар ч,авонй дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошй ту низ!»*

*байт аз Аттор аст.

Кй бетараф буд? Кй бешараф буд?
Кй буд осй? Кй бегунох, аст?
Ба гардани кй бори ду кух, аст?
Ба гардани кй бори ду кох, аст?
*** *** ***
Чй умед аз ин замона,
Ки занад ба х,ар бах,она,
Ба сари фак,ир шона,
Ба куни фак,ир фона?
*** *** ***

*** *** ***
То бидонам, ишк,и поке х,аст, бок,й ботил аст,
То бидонам ишк,ро дар к,аъри дилх,о манзил аст,
То бароям ёди руйи Ту накардан мушкил аст,
То даме, ки ак,ли ман оч,из дар кори дил аст,

Ман ба Ту рози мух,аббат мекунам,
Ман Туро рамзи саодат мекунам.

То Замин фарши ман асту осмон боми ман аст,
То даме дар кух,х,о акси садо номи ман аст,
То даме дар номи Ту эх,соси илх,оми ман аст,
То даме, ки шах,ди дарди ишк, дар коми ман аст,

Ман ба Ту рози мух,аббат мекунам,
Ман Туро рамзи саодат мекунам.
*** *** ***

Боз имшаб дилам аз ишк, таманнои ту кард,
Орзуи нигах,и чашми фиребои ту кард.
Заврак,и хотирам аз бах,ри хаёлат хаста
Омаду майл суйи сох,или лабх,ои ту кард...

*** *** ***
Дилбари нозукам, имшаб ту чаро ноз накарди?
К,уфли лабх,о ба калиди хандае боз накарди?…



Комментариев нет: