воскресенье, 10 августа 2008 г.

ГУЁ FАЗАЛ...

Гумкарда...
*** *** ***
Гум карда туро чун сароб, азоб мекашам,
Чун мохие бурун аз об азоб мекашам.

Аз даст дода кокули пурпечутоби ту,
Дар хеш хурда печу тоб, азоб мекашам.

Холам хароб бе ту, ки ин лахза бе манй,
Аз холи ту дар изтироб, азоб мекашам.

Масруфаму овора мисли абпорае,
Ишкат самову ман сахоб, азоб мекашам.

Чун чони ташнаи дами дидори Ошно
Дар зулмати тани хароб азоб мекашам.


Ман умри хешро ба гам хисоб мекунам,
Аз ин хисоб бехисоб азоб мекашам.
*** *** ***
Дар пешвози ч,асади Салох,иддин Азизови 22-сола, ки неофашистони Русия саразтанч,удо кардаанд. Субх,и 11-уми декабри соли 2008, сах,ни фурудгох,и Душанбе буйи дилх,ои сухта дошт...
*** *** ***
Гами ч,онхораи мо – мардуми нонхораи мо,
Мардуми дар паи нон дар ба дар овораи мо.

Мезанад лоф, ки ман точ,икаму точ,басар,
Точ, ку бар сари бибридаву хуншораи мо?

Назанад дар сари мо шуъла ба ч,уз тег, чаро
Точ,и хунолуди мо дар сари хунхораи мо?

Дорад афсона, ки «мо сох,иби истик,лолем!!!»
Х,айф!, ин мустак,илй нест дар афкораи мо.

Ин х,ама х,арзаи мову ту наарзад ба яке
К,атраи хуни дили модари бечораи мо.

Беш аз к,иссаи ин халк,и парешон набувад,
Ќиссаи миллати армонии ангораи мо.

З- ин сабаб Одинах,о муздури Арбоб шуданд,
Ки бувад бардагй дар тиннату пиндораи мо.


МЕМИРАМ МАН
*** *** ***
ДАР БАЙНИ ХАЗОНУ ХОР МЕМИРАМ МАН,
ДАР ОРЗЎИ БАХОР МЕМИРАМ МАН.

ЯК БОР ШУДАМ ЗОДА, ВАЛЕКИН ХАР РЎЗ,
ТАКРОР, ХАЗОР БОР МЕМИРАМ МАН.

ЧУН МЎР КАШАМ РАНЧ,ЧУ БОРЕ ШУНАВАМ,
МЎРЕ ШУДА ЁРИ МОР, МЕМИРАМ МАН.

БОРЕ ШУНАВАМ ЗИ ШОИРЕ, НОХАК, АГАР
ДАР МАДХИ КАСЕ ШИОР, МЕМИРАМ МАН.

БОРЕ ШУНАВАМ, КИ МАРДИ ХАКГЎЙЕРО
БУРДАНД БА ЗЕРИ ДОР, МЕМИРАМ МАН.

ХАР БОР ДИДА БЕАДАБЙ З-АХЛИ "АДАБ"
АЗ КОХИШИ НАНГУ ОР МЕМИРАМ МАН.

ДУР АЗ ВАТАНУ ЧУДО ЗИ МОДАР ХАР РЎЗ,
БО ТОЧИКИ МАРДИКОР МЕМИРАМ МАН,

БО МОДАРИ ИНТИЗОР, ДАР РОХИ ПИСАР,
ДАР РОХ БА ЧАШМИ ЧОР МЕМИРАМ МАН

САР КЎФТА БАР ПОЯИ ТОБУТИ ПИСАР,
БО МОДАРИ ЗОР, ЗОР МЕМИРАМ МАН...
*** *** ***

Афсус...
*** *** ***
Дар ч,анги аклу шуурхо якчанд бешуур, афсўс,
Аз худшиносй занад лоф бо чанд порахўр, афсўс.

Дурбин дур аз Ватан рафт, ин мурда бе гўру кафан рафт,
Дар чарогпояи миллат рахнамо - буми кўр, афсўс.

Нўшида оби талху шўр, аз Модару аз Ватан дур,
Точикон шуданд муздур бар чанд лошахўр, афсўс,

Мурдахо ноланд дар гўр бар холи зиндаи бе шўр,
Аз зистани зиндабаргўр,аз тарси ранчи гўр афсўс.

Нозем, ки мо хам аз Шаркем, аз кони обему баркем,
Хай, дарег, рўзамон мондаст бар шамъи хиранур, афсўс.

Сармад ба сар хуш надорад, хамсояи гушна дорад,
Х,амхонах,ош гурусна, хамёнахош пур, афсўс.

*** *** ***

...Гиря кун
*** *** ***
Фасли озодй расида, бо асирон гиря кун,
Бе фигону оби дида, синабирён гиря кун.

Бигзарй аз кучах,ои гул-гулафшони Душанбе,
Дар сафи садх,о гадо бошу фак,ирон, гиря кун,

Гар бубинй тифли точикро, ки мешуяд ба ашк
Мошини савдогарони турку афгон, гиря кун.

Ташна андар чашмасору гушна андар галлазор,
Дар замини пахта бо дех,к,они урён гиря кун.

Дардх,ои ч,он миёни байт пинх,он кардаам,
Ногах,он ёбй, даруни байт пинх,он гиря кун.
*** *** ***

зиндагонй
*** *** ***

Зиндагонй хар нафас як муй пират мекунад,
То кабират мекунад, зору сагират мекунад.

Куш то бо зиндагй ёрй кунй, то зиндай,
Лек дилбандаш машав, к-ин ёр асират мекунад.

То расй бар к,уллах,ои шухрату шаъну шараф,
Сангрези кухи умр сарбазерат мекунад.

Меканй ч,он аз барои нону нон аз аз бахри ч,он,
То зи нон серат кунад, аз ч,он серат мекунад.

*** *** ***
МОВУ ТУ...
Мову ту дар ин ч,ах,он, бигу, аз кй камем?
Аз гайрати кй гарк,а ба дарёи гамем?

Аз чист, ки дар замини зархези ватан,
Х,афтод фисад гадои нони шикамем?

Завлона агар ба дасту пох,омон нест,
Сад к,уфли хамушй ба дах,ан дар ситамем?

Дар хонаи беоташу беобу зиё,
Нозем: «зи Ориёни Мулки Ач,амем»???

*** *** ***

БА САБЗИНА

Яктои ман сабзина аст, танхои ман сабзина аст
Аз ишки ту, сабзина, сар то пойи ман сабзина аст.

Ман чустаам чузъи туро дар хар касу дар хар кучо,
Дар ишки ту сар то ба по, ачзои ман сабзина аст.

Фарходаму Ширин туй, уммеди охирин туй,
Мачнуни ишки ту манам, Лайлои ман сабзина аст.

Хар гох дар бозори гул бинам нихоли сабзро,
Гўям, ки дар дар бозори дил савдои ман сабзина аст.

Дарёи чашмони туро гар ёд орам ногахон,
Бинам, ки дар чашмони ман дарёи ман сабзина аст.

Гар аз баландй бингарй, сарсабз бинмояд Замин,
Ман дар замин донистаам: дунёи ман сабзина аст.

Як мўхра холи гарданат, дар чашми ман сад Зўхра аст,
Дидам, ки моху ахтари шабхои ман сабзина аст.

Гар ошной кардаам, бо ёру ноёри дилам,
Донистам, то ёри бехамтои ман сабзина аст.

Хушбахт будам ман агар, дар орзухои дилам,
Уммеди толеи хуши фардои ман сабзина аст.
*** *** ***

... Гарон аст
Имшаб чй шуд ба сок,й, ки ч,оми дил гарон аст?
Дарди сабу кашидан дар шоми дил гарон аст.

Рав, гу ба гуши сок,й, сад ч,ом бода орад,
К-аз рох,и ак,л рафтан то коми дил гарон аст.

Изх,ори ишк, сах,л аст бо шеъри ноби шоир,
Изх,ори ишк, кардан аз номи дил гарон аст.

Шеъри маро нафах,манд, гар бедилон, чй бок аст?
Бар гуши сахти бедил пайгоми дил гарон аст.

Х,ар ч,ост шодиву гам, огоз мешавад дил,
Огози дил надонам, анч,оми дил гарон аст.
*** *** ***

Аз ман напурс...
Шарх,и дарди ин дили девонаро аз ман напурс,
К,иссаи меъмори ин вайронаро аз ман напурс...

*** *** ***
Хор афзалтар аст...
*** *** ***
Аз гуле, ки мехалад чун хор, хор афзалтар аст,
З-он ч,их,ат, ки менамояд хоксор, афзалтар аст...










1 комментарий:

Shamsi комментирует...

Шарҳи дарди ин дили девонаро аз ман напурс,
Қиссаи меъмори ин вайронаро аз ман напурс.