воскресенье, 10 августа 2008 г.

машки шеър

Ту бо ман будй…
*** *** ***
Ох, агар акрабаки соатро
Ба кафо бурда метавонистам,
Рузхое, ки ту бо ман будй
Боз оварда зи нав мезистам.

Рузхое, ки ту бо ман будй,
Бахт суйи ману ту механдид.
Хар нафас дурии ту дар дили манн
Ишки бечурми маро месанчид.

Рузи борон ба барат мерафтам,
Бигирифта ба умеде дастат.
Мазх,ари бахти сафеди ман буд,
Мазраи чатри сафеди дастат

Шеъри чашмони туро мехондам,
Шишта дар дарс ба як мизи нишаст.
Дарси устод накардам аз ёд,
Шеъри чашмони ту дар ёдам хаст

Мисли гулхо, ки бароят чидам,
Сабзии шоху гулу баргам буд.
Ман ба як дидани ту мезистам,
Дурият, зарра –зарра, маргам буд.

Чи кунам, бе кассу танхо мондем,
Ману дарди ману ин танхой.
Ман дигар суйи ту намеоям,
Ту дигар суйи ман намеой
*** *** ***
Ба зардинаму бахшидам
***
Зардинаму, зардинаму,
Доим бимонй хандару.
Бо ман нишину ру ба ру,
Асрори муятро бигу.
***
Ситораро хамел кард,
Дасти сафеди мохтоб.
Ба муйхои чун шабат,
Давонд зархал офтоб...

*** *** ***
Ба парвона
*** *** ***
Парвона пар во мекунад,
Аз мо чй парво мекунад?
Аз болх,ои х,афтранг,
Чатре ба гулх,о мекунад.

Рузе агар аз хоки ман,
Руян гулхои суман,
Парвона ошик, мешавад
Бар мадфани гулпуши ман…

1 комментарий:

Farid комментирует...

Salom Rahnavard!
sahifa boyad ikror sud, ki oli ast. tabiist, ki bo un hama mahsuli dar darunash buda, tashakkur ba TU ki vokean tavonistai porai dardi javonero tavassuti misraho ifoda kuni.
Man dar she'ri *mashki she'r* xudro tasavur namudam. vokean tanho du 4 misragi az she'ri bolo hamson ba dardi manand...

Vokean ham, tashakkur ki tavonistai hamin guna 1 blogro rohandozi namoi...